ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА; Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон сешанбешаб дар бадви вуруд ба Боку пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон- дар бораи тарҳи ибтикории Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Баҳси хотимаи ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз унсурҳои муҳим дар тарҳи ибтикории Эрон аст.
Фиристодаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳо ва ҳуқуқи башари дустона пояи дигари тарҳи ибтикории Эрон барои поёни муноқишаи Қарабоғ аст.
Ироқчӣ идома дод: Поёни махмасаҳо ва шуруъи гуфтугӯҳо бо кумаки кишварҳои таъсиргузор бо ҳадафи тазмини сулҳ аз дигар меҳварҳои аслии тарҳи ибтикории Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро ду кишвари дуст ва ҳамсоя баршумурд ва гуфт: Эрон ҳамвора аз талошҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон барои озодсозии шаҳрҳо ва минтақаҳои ишғолшудаи худ ҳимоят мекунад.
- Боздиди Ироқчӣ аз марзҳои Эрон бо Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Дар барномаи Ироқчӣ сафар ба он даста аз кишварҳое, ки дар поён додан ба даргириҳои ахири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон таъсигузор ҳастанд пешбинӣ шудааст.
Фиристодаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафари худ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Шоҳин Мустафоев- муовини нахуствазир, Ҷайҳун Байрамов- вазири умури хориҷа, Ҳикмат Ҳоҷиев- дастёри раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти ин кишвар дидор мекунад.
Ироқчӣ сипас ба Маскав ва Йереван ва дар идома ба Анкара сафар хоҳад кард то тарҳи ибтикории пешниҳодии Эрон барои ҳалли муноқишаи Қарабоғро ироа кунад.
342/